Эҳтиром ба падару модар

Қуръон, китоби ҷомеъест, ки барои саодати башарият фиристода шудааст. Худованд дар ин китоб ҳамаи роҳҳое, ки инсонро ба саодат мерасонанд нишон дода аст. Аз ҷумлаи ин роҳҳо эҳтиром гузоштан ба падару модар мебошад, ки Худованд дар чанд ҷои Қуръон мо бандагонашро амр намудааст. Масалан дар ояти 23 - 24 сураи “Исро” мехонем: گزارش تخلف
وَقَضَي رَبُّکَ أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا إِيَّاهُ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَاناً إِمَّا يَبْلُغَنَّ عِندَکَ الْکِبَرَ أَحَدُهُمَا أَوْ کِلاَهُمَا فَلَا تَقُل لَهُمَا أُفٍّ وَلاَ تَنْهَرْهُمَا وَقُل لَهُمَا قَوْلاً کَرِيماً ﴿ 23 ﴾
وَاخْفِضْ لَهُمَا جَنَاحَ الذُّلِّ مِنَ الرَّحْمَةِ وَقُل رَّبِّ ارْحَمْهُمَا کَمَا رَبَّيَانِي صَغِيراً ﴿ 24 ﴾
“Ва қазо раббука алло таъбуду илло ийёҳу ва бил-волидайни иҳсоно иммо яблуғанна индакал-кибара аҳадуҳумо ав килоҳумо фало тақул лаҳумо уффин ва ло танҳарҳумо ва қул лаҳумо қавлан каримо (23). Вахфиз лаҳумо ҷаноҳаз –зулли минар –раҳмати ва қул рабби-рҳамҳумо камо раббаёний сағиро (24)”
“Парвардигорат фармон дода аст, ки ҷуз Ўро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. ҳар гоҳ яке аз он ду ё ҳардуи онҳо пир шуданд, камтарин иҳонате (аз нороҳатӣ оҳи сар кашидан) бар онҳо макун ва бар онҳо фарёд мазан ва меҳрубононаю санҷида ва бузургворона бо онҳо сухан гўй (23). Аз сари лутфу меҳрубонӣ ба онҳо фурутанӣ кун ва бигўй: Парвардигоро! ҳамон гуна, ки онҳо маро дар хурдӣ тарбият карданд, ту ҳам ба онҳо раҳм кун. ”
Албатта бояд таваҷҷуҳ дошт, ки муҳаббат ба падару модар фақат набояд дар даврони пирии онҳо бошад, балки ояти ёдшуда бар муҳаббат дар ҳамаи замонҳо ба хусус дар даврони пиронсолагӣ таъкид ва супориш мекунад.
ҳаққи падару модар он қадар зиёд аст, ки дар ояти 151 сураи “Анъом” некӣ ба падару модар дар канори масъалаи муҳими парастиши Худо баён шудааст. Дар ин оят чунин омада аст:
أَلاَّ تُشْرِکُوا بِهِ شَيْئاً وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَاناً ...
“Алло тушрику биҳи шайъан ва бил-волидайни иҳсоно”
“Чизеро шарики Худо қарор надиҳед ва ба падару модари худ некӣ кунед”
Дар ояти 14 сураи “Луқмон” низ, худованд шукри худро дар канори ташаккуру қадрдони аз падару модар оварда, чунин мефармояд :
أَنِ اشْکُرْ لِي وَلِوَالِدَيْکَ
“Ан-ишкурлий ва ливолидайка”
“Шукри маро ба ҷой овар ва аз падару модарат сипосгузорӣ кун”
Медонед чаро Худованд моро ин қадар ба некӣ ба падару модар ва риоят намудани эҳтироми онҳо супориш намудааст? Зеро онҳо барои мо хеле заҳмат кашидаанд ва барои бузург кардани мо ранҷҳои зиёдеро таҳаммул кардаанд. Илова бар ин, эҳтиром ба падару модар барои хубу мустаҳкам шудани робитаҳои хонаводагӣ ва бо хушу хурсандона даври ҳам зиндагӣ кардан хело ёрӣ мекунад. Мавзўъҳо:Ахлоқ ,برچسب هاЭҳтиром ба падару модар,Ахлоқ,
Манбаъ:Эҳтиром ба падару модар لینک های مرتبط: Эҳтиром ба падару модар | Боздид аз сандуқ:182 | Имтиёз ба сандуқ:
Натича: 1118 Имтиёз тавассути 365 нафар ирсол шуда тавассути Одинамуҳаммад дар таърихи
Sun 02 May 2010 соат 12:46 |
نظرات(0)
|