تبليغات
  Тафсири илмӣ - Қуръон
Тафсири илмӣ - Қуръон
[-Login-]
Феҳристи аслӣ
Саҳифаи аслӣ
Иттилооти муаллиф
Сандуқи электроникӣ
Узв шудан дар сомона
Ҷаъбаи пайвандҳо

Мавўъот
Умумӣ
- Умумӣ-5
Қуръонӣ
- Дуоҳо-2
- Саволу чавобҳои Қуръонӣ-2
- Омузишӣ-1
Ахлоқӣ
- Ахлоқ-10
Илмӣ
- Илмӣ-6

Бойгонӣ
شهریور 1389
مرداد 1389
تیر 1389
خرداد 1389
اردیبهشت 1389
فروردین 1389

Нависандагони сомона
Одинамуҳаммад

Хабарнома

Озмун
?Бузургтарин гуноҳи нобахшиданӣ аз назари Қуръон чист
نتايج|| آرشیو نظرسنجی

Пайвандҳо
Агар мехоҳед бо сомонаи мо табодули пайванд кунед, пайванди моро бо номи "Тафсири илмӣ - Қуръон" қарор диҳед ва пайванди худро дар бахши қарор диҳед, то ارسال لينك чунончи моро пайванд кардаед ба таври худкор пайванд дар сомонаи мо қарор мегиред

Соат


Дарёфти коди соат



Тафсири илмӣ

Тафсири илмӣ

 Қуръони Карим, муъҷизаи охирин паёмбари илоҳӣ ҳазрати Муҳаммад (с) аст, ки барои роҳнамоии инсонҳо фиристода шудааст. Ҳар чанд Қуръон ба арабии равшан бар Паёмбар (с) нозил шуд ва ҳатто мардум онро ба осонӣ мефаҳмиданду баҳра мебурданд, ҳангоме, ки як оят равшан набуд, ба Паёмбар (с) руй меоварданд ва ин масъала ҳал мегардид. Аммо ин кор зиёд давом накард ва бо реҳлати ҷонгудози Паёмбари Ислом (с) ҳазорон пурсиши беҷавоб дар миёни мусалмонон монд.


گزارش تخلف

Баъд аз реҳлати он Ҳазрат (с) буд, ки ниёз ба равшангарӣ дар оёт ва тафсир ошкор шуд. Илова бар ин ҳар сол қаламрави мусалмонон афзуда мешуд. Ва мусалмонон бо тамаддуну кишварҳои мухталиф, ки собиқаи илмӣ ва динӣ доштанд, ошнотар мешуданд. Дар натиҷа ҳазорон назар чи дар боби илм, чи дар боби эътиқод бар мусалмонон ворид шуд. Инҷо буд, ки мусалмонон барои тафсири Қуръон ва аҳодис ба дунболи ёрону асҳоб ва аҳли байти Паёмбар (худованд аз ҳамаашон розӣ бошад) рафтанд. Тафсири Қуръон аз инҷо ба вуҷуд омад ва ҳар муфассире тибқи истеъдоди худ равишеро барои худ интихоб кард. Яке аз ин равишҳо тафсири илмӣ буд, ки аз ҳамон садаҳои аввал шуруъ шуд. Донишмандони мусалмон дар талош барои ҷавоби саволҳою шубҳаҳои илмию ақидатӣ ду равишро интихоб карданд:
1.    Радди чизҳои ботиле, ки вориди ҷомеаи исломӣ мешаванд; монанди баъзе аз мавзуъҳои фалсафӣ ва илмӣ, ки бо дини Ислом зид буданд.
2.    Мутобиқат додани оёт бо илмҳои таҷрибии Юнон, Рум ва ... то ба мардум собит кунанд, ки Қуръон барҳақ ва матолиби он саҳеҳ аст.
Имом Фахриддини Розӣ (р) дар китоби худ “Тафсири Кабир” дар мавриди ояти шарифаи 29 сураи Бақара


فَسَوَّاهُنَّ سَبْعَ سَمَاوَاتٍ وَهُوَ بِکُلِّ شَيْ‏ءٍ عَلِيمٌ

чунин мегуяд:
“Бидон, ки Қуръон далолат бар вуҷуди ҳафт осмон дорад ва асҳоби ҳайъат мегуянд : наздиктарин онҳо ба мо кураи Қамар аст ва фавқи он кураи Аторуд, сипас Зуҳра, Хуршед, Мирих, Муштарӣ ва Зуҳал аст”
 Дар садаи ахир, тафсири илмӣ ва эъҷози илмии Қуръон, таваҷҷуҳи зиёд пайдо кардааст. Ва низ китобҳои зиёде дар бораи улуме, ки дар Қуръон мавҷуд аст, аз қабили пизишкӣ, риёзӣ, нуҷум, табиат ва ..., ба нашр расидааст. Ба таври хулоса бештари иллатҳое, ки боис шуд мусалмонон ба нуктаҳои илмии Қуръон аҳамият диҳанд, инҳоянд :
1-    Таваҷҷуҳ кардани Қуръон ба илм ва тарғиб ба тафаккур, тааққул ва тадаббури оёт дар офариниши мавҷудот.
2-    Тарҷумаи осори улуми табиӣ ва фалсафӣ аз Юнон, Рум, Эрон ва ... ба забони арабӣ.
3-    Доштани ин фикр, ки : “Ҳамаи улум дар Қуръон ҳаст ва мо бояд онро ба даст оварем.”
4-    Кашфиётҳои ҷадид ва рушди улуми таҷрибӣ.
5-    Ҳисси дифоии донишмандони мусалмон дар баробари ҳамлаҳои фарҳангии ғарбиҳо ба дин ва таблиғу таҳмили фикрӣ зид будани илм бо дин.

гирдоваранда: Шамсуллоҳ Холис ӣ


Мавзўъҳо:Илмӣ ,

Барчасб:Тафсири илмӣ ,Тафсири илмӣ,Илмӣ,

Манбаъ:Эъчози илмии Қуръон
 
لینک های مرتبط:
Тафсири илмӣ
| Боздид аз сандуқ:221 | Имтиёз ба сандуқ: Натича: 1180 Имтиёз тавассути 398 нафар
ирсол шуда тавассути Одинамуҳаммад дар таърихи Thu 06 May 2010 соат 19:00 | نظرات(0)

Охирин матолиби ирсолӣ
(دوشنبه 22 شهريور 1389)
Сипос бар неъмати ҳаёт ва дарки моҳи шарифи Рамазон (دوشنبه 11 مرداد 1389)
Тарҷумаи Қуръон дар Маснавии Мавлоно (شنبه 26 تير 1389)
Об, падидаи осмонӣ (چهارشنبه 09 تير 1389)
Қуръон дар Маснавӣ 2 (يكشنبه 23 خرداد 1389)
Саҳифаҳои сомона:

Имконот
Вуруд ба ҳисоби корбарии худ
Ном:
Рамз:

[-Login-]

Омори сомона
Боздидҳои имрўз: 12
Боздидҳои дирўз: 20
Ҳамаи боздидҳо: 33683
Ҳамаи матолиб: 30
Ҳамаи аъзоҳо:4

Дар бораи сомона

Мо ба ҳадаф

Муаррифии сомона ба дўстон
E-mail-и шумо:
E-mail-и дўст:


Ахбори сомона
-[-NewsTitle-]

Барчасбҳо
Қуръон , мавлоно , ҳадаф ,амал ,Господин ,дуо ,Парвардигор ,Allah ,Lord ,Ёсин ,Каҳф , Марям ,илм ,Шайтон , шеър ,

Фоли Ҳофиз

Куллияи ҳуқуқи ин муҳтаво мутааллиқ ба сомонаи Тафсири илмӣ - Қуръон мебошад