تبليغات
  Худшиносӣ-Ҷиҳод бо нафс ё каромати нафс - Қуръон
Худшиносӣ-Ҷиҳод бо нафс ё каромати нафс - Қуръон
[-Login-]
Феҳристи аслӣ
Саҳифаи аслӣ
Иттилооти муаллиф
Сандуқи электроникӣ
Узв шудан дар сомона
Ҷаъбаи пайвандҳо

Мавўъот
Умумӣ
- Умумӣ-5
Қуръонӣ
- Дуоҳо-2
- Саволу чавобҳои Қуръонӣ-2
- Омузишӣ-1
Ахлоқӣ
- Ахлоқ-10
Илмӣ
- Илмӣ-6

Бойгонӣ
شهریور 1389
مرداد 1389
تیر 1389
خرداد 1389
اردیبهشت 1389
فروردین 1389

Нависандагони сомона
Одинамуҳаммад

Хабарнома

Озмун
?Бузургтарин гуноҳи нобахшиданӣ аз назари Қуръон чист
نتايج|| آرشیو نظرسنجی

Пайвандҳо
Агар мехоҳед бо сомонаи мо табодули пайванд кунед, пайванди моро бо номи "Худшиносӣ-Ҷиҳод бо нафс ё каромати нафс - Қуръон" қарор диҳед ва пайванди худро дар бахши қарор диҳед, то ارسال لينك чунончи моро пайванд кардаед ба таври худкор пайванд дар сомонаи мо қарор мегиред

Соат


Дарёфти коди соат



Худшиносӣ-Ҷиҳод бо нафс ё каромати нафс

Худшиносӣ-Ҷиҳод бо нафс ё каромати нафс

وَمَا أُبَرِّئُ نَفْسِي إِنَّ النَّفْسَ لَأَمَّارَةُ بِالسُّوءِ إِلَّا مَا رَحِمَ رَبِّي إِنَّ رَبِّي غَفُورٌ رَّحِيمٌ

  “Ман худро бегуноҳ намедонам, зеро нафс, одамиро ба бадӣ фармон медиҳад, магар Парвардигори ман бибахшояд, зеро Парвардигори ман омурзандаю меҳрубон аст.”


گزارش تخلف

Дар манобеъи исломӣ бар худ ва арзиш ниҳодан бар он, таъкиди фаровоне шудааст. Ҳол мумкин аст ин савол пеш ояд, ки ин гуна таълимот бо омузаҳои динии дигаре, ки инсонро ба мубориза бо нафс даъват мекунад, чигуна созгор аст? Оё “нафс”-е, ки дар Қуръон бо унвони “аммора бис-суъ” аз он ёд шудааст ва дар ривоёт бадтарин душмани инсон муаррифӣ шудааст, ҳамон нест, ки ин ҳама мавриди такриму бузургдошт аст?  Саволи дигар он аст, ки азизу бузург доштани нафс бо мазмум будани кибру худбузургбинӣ ва даъват ба тавозуъу хоксорӣ чигуна қобили ҷамъ аст?
Ҷавоб ба ин саволот, мавзуъи каромати нафсро дар манобеъи инсонӣ бештар равшан хоҳад кард ва мақсуд аз онро дақиқтар баён хоҳад намуд. Воқеият он аст, ки инсон дар айни ҳол, ки дорои ниёзҳои ҳайвонӣ аз қабили ғазо, хоб ва майли ҷинсист, арзишҳои мутаолӣ низ барояш матраҳ аст. Ба иборати дигар, аз дидгоҳи исломӣ, инсон дорои ду “ман” аст: “ман”-и ҳайвонӣ ва “ман”-и инсонӣ. Ончи дар ин миён асилу воқеист, “ман”-и инсонист ва “ман”-и ҳайвонӣ бояд таҳти ихтиёри “ман”-и инсонӣ бошад, то сабабҳои камоли ҳамаҷонибаи инсон фароҳам шавад. Гарчӣ ниёзҳои ҳайвонӣ бояд бароварда шаванд (ва ислом иҷозати аз байн бурдани “ман”-и ҳайвониро надода аст), вале зимоми ихтиёри он бояд ба дасти ақл ва “ман”-и инсонӣ бошад. Ба хотири вуҷуди ин ду “ман” аст, ки гоҳе дар даруни инсон кашмакашу ҷидоле байни майлҳои инсонию ҳайвонӣ рух медиҳад, ки каму беш барои ҳамаи инсонҳо қобили таҷриба аст. Ин кашмакаши дарунӣ ва ҳолате, ки пас аз он дар инсон ба вуҷуд меояд, ҳам вуҷуди ду навъи “ман” ва ҳам асил будани яке аз онҳоро исбот мекунад. Фикр кунед, ки тасмим ба саҳархезӣ барои ибодат ё варзиш мегиред. Рўзи баъд ҳангоме, ки чашми худро боз мекунед, худро миёни ду омили зидди ҳам эҳсос мекунед; як омил шуморо ба тарки бистари хоб ва ба анҷом додани ибодат ё варзиш даъват мекунад ва омили дигар, ки табиат аст, хоҳони амал кардан бар хилофи тасмими дирўз аст. Гоҳе аз тасмими дирўзаи худ пайравӣ мекунад ва гоҳе хобро бар саҳархезӣ тарҷеҳу бартарӣ медиҳад. Дар ҳарду сурат, ин худи шумо ҳастед, ки ё саҳархезиро бартар медонед ё хобро. Ба иборати дигар, ин кашмакаш дар даруни вуҷуди шумо рух медиҳад. Дар инҷо бояд пурсед, ки дар кадом сурат шодмон ҳастед: ҳангоме, ки ба фармони майли табиии худ амал кардаед ё вақте, ки иродаи шумо бар табиататон пирўз шудааст. Касоне, ки чунин таҷрибаеро доштаанд, ҳатман хоҳанд гуфт, ки ҳангоми ғалабаи иродаи инсонӣ бар майли ҳайвонӣ, эҳсоси пирўзӣ кардаанд ва агар акси ин қазия рух дода бошад, инсон аз худаш шикастхурда ва низ бар худаш пирўз шудааст. Бинобарин, набояд эҳсоси пирўзию шикастӣ кунад ё инки бояд аз як ҷиҳате эҳсоси шикаст кард ва аз ҷиҳати дигар, эҳсоси пирўзӣ. Далели ин амрро бояд дар воқеӣ ва асил будани як “ман” ва ғайри асил будани “ман”-и дигар ҷустуҷу кард. Он “ман”, ки моро ба тарафи майлҳои табиӣ равона мекунад ва дар натиҷа мумкин аст аз расидаги ба ниёзҳои олитар боз дорад, “ман”-и воқеии мо нест.   


Мавзўъҳо:Ахлоқ ,

Барчасб:Худшиносӣ-Ҷиҳод бо нафс ё каромати нафс ,Худшиносӣ-Ҷиҳод бо нафс ё каромати нафс,Ахлоқ,

Манбаъ:Худшиносӣ-Ҷиҳод бо нафс ё каромати нафс
 
لینک های مرتبط:
Худшиносӣ-Ҷиҳод бо нафс ё каромати нафс
| Боздид аз сандуқ:165 | Имтиёз ба сандуқ: Натича: 1126 Имтиёз тавассути 372 нафар
ирсол шуда тавассути Одинамуҳаммад дар таърихи Tue 18 May 2010 соат 06:10 | نظرات(0)

Охирин матолиби ирсолӣ
(دوشنبه 22 شهريور 1389)
Сипос бар неъмати ҳаёт ва дарки моҳи шарифи Рамазон (دوشنبه 11 مرداد 1389)
Тарҷумаи Қуръон дар Маснавии Мавлоно (شنبه 26 تير 1389)
Об, падидаи осмонӣ (چهارشنبه 09 تير 1389)
Қуръон дар Маснавӣ 2 (يكشنبه 23 خرداد 1389)
Саҳифаҳои сомона:

Имконот
Вуруд ба ҳисоби корбарии худ
Ном:
Рамз:

[-Login-]

Омори сомона
Боздидҳои имрўз: 18
Боздидҳои дирўз: 20
Ҳамаи боздидҳо: 33689
Ҳамаи матолиб: 30
Ҳамаи аъзоҳо:4

Дар бораи сомона

Мо ба ҳадаф

Муаррифии сомона ба дўстон
E-mail-и шумо:
E-mail-и дўст:


Ахбори сомона
-[-NewsTitle-]

Барчасбҳо
Қуръон , мавлоно , ҳадаф ,амал ,Господин ,дуо ,Парвардигор ,Allah ,Lord ,Ёсин ,Каҳф , Марям ,илм ,Шайтон , шеър ,

Фоли Ҳофиз

Куллияи ҳуқуқи ин муҳтаво мутааллиқ ба сомонаи Худшиносӣ-Ҷиҳод бо нафс ё каромати нафс - Қуръон мебошад