Қуръон дар Маснавӣ
Тардид нест дар ин, ки фарҳангу маорифи исломӣ чи дар шакли адабии онҳо ва чи дар сурати таълифоти насрӣ, илмӣ, ахлоқӣ ва ирфонӣ анбошта аз оёти қуръонист, ки соҳибназарон бо тамассук бо онҳо чи бо тафосир ва чи бо истишҳод, матолиби мавриди баёну таҳқиқи худро дорои асосу бунёди маҳкам сохтаанд.
گزارش تخلف
Аз он ҷумла китоби шарифи “Маснавӣ” аст. Ҳамонгуна, ки медонем Мавлоно истифодаи бисёр фаровоне аз оёти каримаи Қуръон кардааст. Аз онҷо, ки китоби Маснавӣ сартосар панду ахлоқ ҳаст банда бар худ лозим дидам, дар инҷо ва дар навиштаҷотҳои баъдӣ баъзе аз абётеро, ки ишорат ба оёти Қуръон доранд бо каме шарҳ барои шумо азизон пешкаш намоям.
Соя хоб орад туро ҳамчун самар, Чун барояд шамс, “иншаққал қамар”1
Сояҳо мисли афсонаи шабона инсонро хоб мекунанд, вале вақте хуршед мебарояд моҳ дар ҳам шикаста мешавад. Мутазаммини ояти 1 сураи Қамар аст:
اقْتَرَبَتِ السَّاعَةُ وَانشَقَّ الْقَمَرُ
“Қиёмат наздик шуд ва моҳ аз ҳам шикофт.”
Густариши суфраи рангоранги ҳастӣ барои дилест, ки бекина гардаду торикзори нодонию дуди ҳасадро аз худ дур кунад, ғубори тангназариро аз рухсорааш пок гардонад ва хоҳишҳои дастнаёфтанӣ ўро ба пучию беҳуввиятӣ водор нанамоянд. Чунки табоҳиҳо даруни ҳидоятпазир ва сайри “илаллоҳ”-ро махдуш мегардонад, шахсро бар ноқаи (шутур) бехештанӣ менишонад ва аз зиндони хок пар намекушояд. Чи бисёранд хастадилони пой дар лаҷан монда, ки дар сурати инсонӣ мезиҳанду мақсуд аз зиндагии волои инсониро дар намеёбанд, барои нодида пиндоштани авомили касби фазилат ба сурохи танги эътиқодӣ мехазанд, оёту роҳнамоиҳои мабнӣ бар ҳақиқатгароиро дуруғ мепиндоранд ва ҳамчун муши кур то вопасин лаҳзаи зиндагӣ Абуҷаҳлвор мезиҳанду ба фалоҳу растагорӣ намерасанд, зеро:
Ҳар ки дар ў нест аз ин ишқ ранг, Назди худо нест ба ҷуз чубу санг.2 *** Рав-рав, ки наӣ ошиқ, эй зулфаку эй холак, Эй нозуку эй хашмак, побаста ба халхолак.3
Албатта Худованди мутаъол барои итмоми ҳуҷҷати болиғааш осори ҳидоят ва нишонаҳои қудратро бар дасти Паёмбари мукаррам (с) ошкор сохт то гувоҳи содиқ бар бинандагону хонандагон бошад ва чашми дил боз кунанду бинанд, вале надиданд. Ва бо онки Ҷабраили амин(а) сафири даргоҳаш буд ва тамоми ҳастӣ ба туфайли қадамаш ҳасти ёфтанду қобу қавсайн аз қадамгоҳи Ў (с) иззат ёфт, ба сеҳру ҷодугарӣ ва иттиҳомоти нораво нисбат доданд. Инҳо ҳастанд, ки чун хар мемиранду монанди “гови сешох” дар маҳшар бар мехезанд, зеро ба ҷои шикофтани ҳасадҳо, кинаҳо ва замоири палиди куҳнапарастӣ дар ҳам шикастан ва дунима шудани моҳро аз Паёмбар (с) хостор гардиданд, ки вуқуъу анҷоми ҳамон хостаашонро ҳам напазируфтанд ва фирефтаи зебу зевару завоҳири дунявӣ шуданд:
Он мири дуруғин бин бо аспаку бо зинак, Сангинаку мангинак, сарбастаи базринак. Чун мункири марг аст ў гуяд, ки аҷал ку-ку? Марг оядаш аз шаш сў, гуяд, ки манам кинак.4
--------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------
1- Маснавӣ, дафтари аввал, байти 118
2- Куллиёти Шамси табрезӣ, ҷилди 1, саҳ 542
3- ҳамон
4 -ҳамон Мавзўъҳо:Ахлоқ , Барчасб:Қуръон дар Маснавӣ ,Қуръон дар Маснавӣ,Ахлоқ,
Манбаъ:Қуръон дар Маснавӣ لینک های مرتبط: Қуръон дар Маснавӣ | Боздид аз сандуқ:192 | Имтиёз ба сандуқ:
Натича: 1185 Имтиёз тавассути 388 нафар ирсол шуда тавассути Одинамуҳаммад дар таърихи
Mon 24 May 2010 соат 20:00 |
نظرات(0)
|