Об рамзи эҷоди ҳаёт ва тадовуми он
أَوَلَمْ يَرَ الَّذِينَ کَفَرُوا أَنَّ السَّماوَاتِ وَالْأَرْضَ کَانَتَا رَتْقاً فَفَتَقْنَاهُمَا وَجَعَلْنَا مِنَ الْمَاءِ کُلَّ شَيْءٍ حَيٍّ أَفَلاَ يُؤْمِنُونَ
“Оё кофирон надиданд, ки осмонҳову замин ба ҳам пайваста буд сипас мо онҳоро аз ҳам боз кардем ва ҳар мавҷуди зиндаеро аз об офаридем, чаро боз ба худо иймон намеоваранд?” (Анбиё-30)
گزارش تخلف
Ҳамон тавр, ки ояти шарифа мефармояд, осмонҳову замин дар оғоз ба ин густардагию танаввуъ набудаанд, балки тамоми ин аҷроми осмонӣ дар як маҳал ба ҳам пайвастаю мутамаркиз будаанд. Дар мавриди чигунагии боз шудани ҷаҳони ҳастӣ, муфассирони Қуръон тафсирҳои зиёде анҷом додаанд, вале дар ин миён ду тафсир бо таваҷҷуҳ ба кашфиёти илмӣ имрўзӣ, наздиктар ба ҳақиқат ба назар мерасанд. Тафсири аввал мегуяд: тудаи аввалияи ҷаҳон, аз миқдори бисёр азиме аз бухори сўзон ташкил шудааст. Ва бо инфиҷору пахши онҳо ва феълу инфиолоти дигар, куроти осмонӣ ва бақияи ончи, ки дар ин фазои бекарон вуҷуд дорад, ба вуҷуд омадаанд. Ва тафсири дуввум мегуяд: дар оғози хилқати замин, замин ҳеҷ гуна забзаву гиёҳе надоштааст, чун аз осмон бороне намеборид. Баъд аз он бо бориши борон аз осмон ва руйидани гиёҳон дар замин, ин ба ҳампайвастаги миёни замину осмон аз байн рафт. Ин худ баёнгари он аст, ки об сарчашмаи ҳаёт аст ва бевуҷуди об вуҷуди ҳаёт имкон надорад. Имрўза ҳам донишмандоне, ки дар ҷустуҷуи ҳаёт дар куроти осмонӣ ҳастанд, дар марҳилаи аввал дар ҷустуҷуи кашфи об мешаванд, чунки медонанд бидуни вуҷуди об, ба вуҷуд омадани зиндагӣ низ имконпазир нест. Баъд аз инки сафинаи фиристодашуда дар тайи солҳои ахир натавонист дар сайёраи Миррих осоре аз ҳаёт биёбад, донишмандон ба ин фикр афтоданд, ки оё дар манотиқи бисёр номусоиди кураи Замин ҳам ҳаёт вуҷуд дорад ё инки мисли кураи Миррих ин манотиқ ҳам холӣ аз ҳаёт мебошанд? Таҳқиқоти густардае дар манотиқе аз кураи Замин, ки дар онҳо эҳтимоле аз вуҷуди зиндагӣ ва мавҷуди зинда дода намешавад, оғоз гардид. Яке аз ин манотиқ, дараи “Марг” дар иёлоти Калифорниаи Амрико буд. Дар даруни ин дара, як лоя намак ҳамчун як лояи хок, тамоми сатҳи заминро пушондааст. Дар онҷо асаре аз ҳеҷ гиёҳе ҳатто алафҳо ҳам дида намешавад, вале бо вуҷуди ин шароити бисёр сахт дар зери умқи як милиметрии ин қишри намак ҷалбакҳои сабз (шабеҳи гиҳҳои зеробии кучак ) ёфт шуданд. Чизе, ки то ба он рўз ба зеҳни ҳеҷ касе гузар накарда буд. Ҳузури ин ҷалбакҳо дар ин умқ онҳоро қодир месозад, ки ҳам аз рутубати дохили қишри намак баҳраманд шаванд ва ҳам нури хуршедро ба миқдори кофӣ ҷиҳати фотосинтез ба даст оваранд. Донишмандон дарёфтанд ҳар куҷо, ки об ҳаст, зиндагӣ ҳам дар онҷо ташкил хоҳад шуд, ҳатто агар ин об ба сурати як рутубат ва намнокии ҷузъӣ дар дохили қишре аз намак ва дар як саҳрои гарму сўзон бошад. Макони дигаре, ки ҷиҳати ёфтани ҳаёт мавриди ҷустуҷу қарор гирифт умқи ҳаштҳазор метрии уқёнус буд. Дар умқи 8000 метрӣ, фишори об ба қадре зиёд аст, ки ҳеҷ зердарёии маъмулӣ наметавонад ҳатто барои сонияе солим монад, балки ба суръат табдил ба қитъаҳои бисёр хурде мешавад. Танҳо зердарёиҳои махсусе қодир ба нуфуз дар ин аъмоқ ҳастанд. Бо ин ҳол дар ин умқи зиёди об ва дар он торикии мутлақ ва дар канори обҳои гарму ҷушоне, ки аз бистари уқёнус берун мезанад, кирмҳои ҳалқавие ёфт шуданд, ки мисли тамоми мавҷудоти руи замин ба зиндагии худ идома медоданд. Баъд аз талошҳою ҷустуҷу ва ковиши номумкинтарин маконҳо бар руи кураи Замин, яке аз донишмандони он гуруҳ бо чанд ҷумлаи кутоҳ натоиҷи ин ҳама таҳқиқи илмиро ин гуна баён намуд: “Агар касе аз хориҷи сайёраи Замин аз пурсад, ки ҳаёти шумо аз куҷо омадааст? Бо итминони комил хоҳам гуфт, ки ҳаёти мо аз об ба вуҷуд омадааст.” Ҳамчунон, ки дар оёти мутааддиде аз Қуръони карим ин матлабро мехонем ва ин дар навъи худ яке аз муъҷизаҳои илмии Қуръон ба шумор меравад.
وَجَعَلْنَا مِنَ الْمَاءِ کُلَّ شَيْءٍ حَيٍّ
“Ва ҳар мавҷуди зиндаеро аз об офаридем” (Анбиё-30)
وَهُوَ الَّذِي خَلَقَ مِنَ الْمَاءِ بَشَراً
“Ў касест, ки аз об инсонеро офарид” (Фурқон -54)
وَاللَّهُ خَلَقَ کُلَّ دَابَّةٍ مَن مَاءٍ فَمِنْهُم مَن يَمْشِي عَلَي بَطْنِهِ وَمِنْهُم مَن يَمْشِي عَلَي رِجْلَيْنِ وَمِنْهُم مَن يَمْشِي عَلَي أَرْبَعٍ يَخْلُقُ اللَّهُ مَا يَشَاءُ إِنَّ اللَّهَ عَلَي کُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ
“Ва Худо ҳар ҳайвонро аз об офарид, ки баъзе бар шикам роҳ мераванд ва баъзе бар ду по роҳ мераванд ва бархе бар чаҳор по ҳаракат мекунанд, Худованд ҳар чиро хоҳад меофаринад, зеро Худо бар ҳамаи чиз тавоност.” Илова бар нақши зиндагисози об, бояд ба ин нукта ишора кунем, ки об моддаи аслии бадани тамоми ҷондорони руи замин аст. Барои мисол як инсони 70 килограмӣ дорои 50 летр об дар бадани худ мебошад ва агар ў 20% оби бадани худро аз даст диҳад, ҳаргиз саломатии худро боз нахоҳад ёфт. Мавзўъҳо:Илмӣ , Барчасб:Об рамзи эҷоди ҳаёт ва тадовуми он ,Об рамзи эҷоди ҳаёт ва тадовуми он,Илмӣ,
Манбаъ:Об рамзи эҷоди ҳаёт ва тадовуми он لینک های مرتبط: Об рамзи эҷоди ҳаёт ва тадовуми он | Боздид аз сандуқ:147 | Имтиёз ба сандуқ:
Натича: 1220 Имтиёз тавассути 391 нафар ирсол шуда тавассути Одинамуҳаммад дар таърихи
Thu 03 June 2010 соат 18:21 |
نظرات(0)
|