Сипос бар неъмати ҳаёт ва дарки моҳи шарифи Рамазон
Ш укр Худоеро, ки неъмати ҳаётро арзонӣ дошт. Одамӣ бояд неъматшинос бошад. Асли неъмат ва баҳрабардории одамӣ умр аст. Умр, ки тамом шуд дафтар баста мегардаду ҳеҷ баҳраи дигар надорад. Инсон ҳар баҳрае, ки мехоҳад барад фақат дар вақти ҳаёти ўст, умр ки ба поён расид на гуноҳат илоҷ дорад, ки ба тавба пок шаваду на савобат зиёд мегардад. Ба қавли шоир:
گزارش تخلف
Ҳар нафас з-анфоси умрат гавҳарест, Он нафас суи Худоят раҳбарест. Ин нафас, ки мераваду меояд чи гавҳарест, чи арзишҳое дорад. Ҳоло одамӣ хуб дарк намекунад ва ҳангоме, ки дохили қабр гузошта мешавад мефаҳмад, ки дар руи замин чи корҳо метавонист анҷом диҳад ва чи баҳраҳое метавонист барад, то мефаҳмад мегуяд: Худоё ҳоло фаҳмидам, ки умр чи арзише дошт, сооти умр чи осоре дошт, ҳоло фаҳмидам, Худоё маро баргардон то инки аз умр баҳрабардорӣ кунам. Ба ў мегуянд: ҳаргиз, як умр бештар нест, ба ки ду умр доданд, ки боз ба ту диҳанд? Ҳарки мурд тамом, дубора роҳи баргашт нест. Медонед чи неъмате Худованд ба мо дода аст? Дубора моҳи шарифи Рамазон дар роҳ аст ва чанд рузи дигар меҳмони мову шумо мешавад. Ин яъне дубора моҳи Рамазон ҷузъи умр шуд. Ёд кун онҳое, ки порсол буданд ва имсол зери хоканд, аз ману ту ҷавонтар тасодуф карданду мурданд. Ҳоло ману ту имсол, ки ҳастем чи қадр бояд бигуем “Алҳамду лиллаҳи Раббил-оламин”. Шукр кунем Худоеро, ки дубора ба мо фурсат дод, ки моҳи шарифро дарк кунему дар он баҳраи кофиеро бибарем. Ҳамчунин дар ин моҳ бештар барои гузаштагон дуо кунем, зеро дар моҳи шариф мурдагон бештар аз вақтҳои дигар таманно доранд, ки барои онҳо дуо кунанду хайрот фиристанд. Худоё моро ҳам миннат гузоштию нигаҳ доштӣ, тавфиқи шукри неъмат ва баҳрабардорӣ аз неъмат иноят бифармо (омин). Барчасб:РАМАЗОН ,Сипос бар неъмати ҳаёт ва дарки моҳи шарифи Рамазон,
Манбаъ:Сипос бар неъмати ҳаёт ва дарки моҳи шарифи Рамазон لینک های مرتبط: Сипос бар неъмати ҳаёт ва дарки моҳи шарифи Рамазон | Боздид аз сандуқ:211 | Имтиёз ба сандуқ:
Натича: 1220 Имтиёз тавассути 399 нафар ирсол шуда тавассути Одинамуҳаммад дар таърихи
Mon 02 August 2010 соат 09:05 |
نظرات(0)
|